Тоҷикӣ

ИҶЛОСИЯИ БИСТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ

20 Сентябри 2019, Ҷумъа

ш. Душанбе. 20.09.2019. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он масъалаҳо дар бораи  вазъи иҷрои  Нақшаи чорабиниҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2019 ва ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар шаҳри Душанбе, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.
Иҷлосия ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанберо «Дар бораи вазъи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2019» -ро шунида, масъулин ва   воҳидҳои сохтории дахлдорро вазифадор намуд, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкориро дар ноҳияҳои пойтахт сари вақт таъмин карда, ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо дар бунёду азнавсозии корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳо, рангубори намои зоҳирии биноҳо ва азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ диққати махсус дода, корҳоро дар ин самт тақвият бахшанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баррасии масъалаи болозикр ба масъулини соҳаҳои марбута супориш доданд, ки риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр ва рушди ҳамкориҳоро бо бахши хусусӣ таъмин намуда, нисбати сохторҳое, ки ба рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ монеа эҷод менамоянд, тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуда, инчунин бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи истеҳсолӣ фаъолияти Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» ва маркази навтаъсиси «Равзанаи ягона»-и назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе баҳри дар муҳлатҳои кутоҳ дастрас намудани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон ҷоннок карда шаванд.
Иҷлосия ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳрро ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 - ро дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба баррасӣ намуда, қарори дахлдор ба тасвиб расонд.
  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вазъи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар пойтахтро таҳлил намуда, аз масъулини ниҳодҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе талаб карданд, ки ҷиҳати дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо аз рӯи эҳтимолияти фаъолияти онҳо дар шароити аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок,  пешгирии ҳолатҳои фавқулода вобаста ба фаромадани сел барои таъмини ҳолати меъёрии каналу селпартоҳо ва ҷиҳати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар корхонаву ташкилот, муассисаву субъектҳои хоҷагидори пойтахт тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. 
Масъулини бахшҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки  фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангро дар мавсими зимистон ба таври дуруст ба роҳ монда, захираи маводи сӯзишворӣ, ангиштсанг, ҳезум ва маводи озуқавориро  бо пуррагӣ таъмин намуда, омода будани генераторҳои барқиро, махсусан дар муассисаҳои тандурустӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва тартиби нигоҳдории майдончаҳои варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе,  ба хусус болопӯшҳои сунъӣ ва сари вақт аз боришот тоза кардани онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистонро таъмин намоянд.
 Раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарони соҳаҳои дахлдорро ба сари вақт пайваст намудани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба шабакаи гармидиҳӣ равона сохта, таъкид карданд, ки  баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохили биноҳо ва сохтмони истгоҳҳои трансформатории муосир, инчунин таъмири трансформаторҳо ва бунёди хатҳои зеризаминӣ тамоми чораҳои бетаъхир роҳандезӣ  шаванд 
  Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналию хусусии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки бо мақсади захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ҳамкориро бевосита бо истеҳсолкунандагон - хоҷагиҳои деҳқонӣ ба  роҳ  монда, назорати нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, ангиштсанг, ҳезум ва дигар маҳсулоти эҳтиёҷоти  аввалияро  таъмин намоянд.
 Раиси шаҳр ба сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ дастур доданд, ки нақшаи шинонидани гулҳои зимистонаро дар кӯчаҳои шаҳр таҳия ва пешниҳод намуда, маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва корҳои ободонию тоза нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳоро дар мавсими сармо вусъат бахшанд.
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Масъулини соҳаҳои зикршуда вазифадор гардидаанд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат супоришҳои додашударо ба анҷом расонида, аз натиҷаи онҳо ба Раиси шаҳр  маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вакилон даъват намуд, ки бо интихобкунандагони худ дар робитаи доимӣ бошанд ва дар ҳалли проблемаҳои  онхо бо мақомот ҳамкорӣ кунанд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Илова кунед