Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №414 АЗ 28.07.2023

28 Июли 2023, Ҷумъа

Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дастрасии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти   миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ, бо дарназардошти фарорасии соли хониши 2023-2024, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ».

                                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Аз 1 то 31 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайянгардида бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда шавад (замима мегардад).

  2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеъмолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд.

  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шӯъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили ғурфаҳои ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ, инчунин фароҳам овардани шароити муносиб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

  4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор, санитарӣ-эпидемиологӣ ва таъмини мунтазами барқро таъмин намоянд.

  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаҳои давлатии «Телевизиони шаҳри Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми шаҳри Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони соҳа гузошта шавад.

                                                                                          Рустами  Эмомалӣ       

Илова кунед