ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №416 АЗ 28.07.2023
Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзиши оид ба пойгаи аспдавонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши аспдавонӣ, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Мусобиқаи кушоди варзиши оид ба пойгаи аспдавонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 3 сентябри соли 2023, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр тибқи замимаи 4 харҷнома барои гузаронидани чорабинии мазкур маблағи 125700 (яксаду бисту панҷ ҳазор) сомониро бо дарназардошти андозҳо ба Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
4. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А., муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Одилзода Д.Р., Саломзода С., Раҳимзода Т.К., раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзод Р.Р., Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.
6. Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.
7. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
8. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» якҷо бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» инъикоси муҳтавои қарор ва чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
10. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
Рустами Эмомалӣ