ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №583 АЗ 24.09.2019

25 Сентябри 2019, Чоршанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон» дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои банди 15 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2017, №332 «Дар бораи тасдиқи «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Низомнома ва ҳайати комиссияи озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ

Илова кунед