ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №595 АЗ 01.10.2019

02 Октябри 2019, Чоршанбе
Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа”
 
Бо мақсади иҷрои супориши Раиси шаҳри Душанбе аз 14 сентябри соли 2019, №3-368 ва амалигардонии чораҳои самарабахш ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР  МЕКУНАМ:
1. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аҳамияти  танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа” 10 октябри соли 2019 баргузор карда шавад.
2. Ҳисобномаи хароҷоти баргузории Конференсия тибқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд. 
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе хароҷоти  баргузории Конференсияи мазкурро аз ҳисоби маблағҳои  озоди буҷети шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 2475 (ду ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ тибқи ҳисобнома ҷудо намояд.
5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва “Паёми Душанбе” ҷиҳати инъикоси чорабинии мазкур тавассути васоити ахбори омма чораандешӣ намоянд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
 
Рустами Эмомалӣ

Илова кунед