Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №101 АЗ 22.02.2024

22 Феврали 2024, Панҷшанбе

Дар бораи баргузор намудани Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ»

Бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, ҷаҳонбинии таҳаммулгароӣ, покизагиву ворастагӣ, инсондӯстиву ваҳдату ҳамдилӣ, тараннуми мероси фарҳангиву таърихи тоҷикон, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва дарёфту роҳандозии ташаббусҳои созанда дар бахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи фарҳангиву сайёҳӣ дар доираи татбиқи банди 2 -и Ҷадвали баргузории фестивалу намоиш ва иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024, №59 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ :

1. Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» санаи 20 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани фестивали мазкур тадбирҳо андешанд.

4. Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории Фестивали мазкур муқаррар карда шавад.

5. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 153 050 (яксаду панҷову се ҳазору панҷоҳ) сомонӣ ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимаи 3 ҷудо намояд.

6. Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

8. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                         Рустами Эмомалӣ

Илова кунед