ЭЪЛОН: ХАТСАЙРИ НАВИ АВТОБУС ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

03 Октябри 2019, Панҷшанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт  мерасонад, ки шурўъ аз 7-уми октябри соли 2019 хатсайри нави автобусии №37А «маҳаллаи Қаротегин-маҳаллаи Бунёдкорон» ба фаъолият оғоз менамояд.

Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорон ҳаракат мекунанд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» истифода баранд.

Илова кунед