Тоҷикӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05 Октябри 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 05.10.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.

Дар он масъулин ва намояндагони вазорату идораҳо, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони соҳаҳои илму маорифу, адибону фаъолон,  омӯзгорон ва донишҷӯёну муҳассилини мактабҳои олӣ ва миёнаи пойтахт иштирок намуданд.

Сараввал муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ ҳозирин ва кулли сокинони пойтахро аз номи мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоса Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ин санаҳои пурифтихори таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, ки самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд, табрику шодбош гуфтанд.

Тавре зикр гардид, имрӯз сокинони кишвар Рӯзи забони давлатиро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасот, аз ҷумла забони давлатӣ таҷлил менамяд.

10 сол муқаддам, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.

Ин арзиши миллиро нигаҳдорӣ кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯсту ватандори Тоҷикистони маҳбубамон, бахусус устодону омӯзгорон буда, барои беолоишу бегазанд ҳифз кардан ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин забони гуворо ҳама якҷоя бояд ҷидду ҷаҳд карда, рушди устувори онро таъмин намоянд.

Боиси сарфарозии ҳар як сокини кишвар аст, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи соҳаи маориф нигаронида шудааст.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи омӯзгор далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат буда, анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.

Чун анъана заҳмати масъулиятноку самарабахши омӯзгорону муаллимон аз ҷониби давлату ҳукумат ба таври лозима қадрдонӣ мешавад.

Дар ҷараёни ин чорабинии фарҳангӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 октябри соли 2019, №597 дар вазъияти ботантана ба 52 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе туҳфаҳои таъсисдодаи Раиси шаҳри Душанбе  тақдим гардид.

Ҳамчунин як қатор собиқадорони соҳаи маориф ва кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо туҳфа ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8618 нафар омӯзгорону муаллимон дар таълиму тарбияи 197 ҳазору 594   нафар хонандагони саҳм мегузоранд.  

Вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани забон, адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд низ бобати рушди соҳаи маориф ҳамаи чораҳоро амалӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити муосири таълим аз тамоми имкониятҳо ба таври васеъ истифода мебарад.

Чорабинӣ бо барномаи калони ҳунарӣ ҷамъбаст гардид. Устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони пойтахт бо пешниҳоди дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин, шеъру тарона, рақсҳои ҷаззоб ва сурудҳои тараннумкунандаи ваҳдату дӯстӣ, забону сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон, васфи омӯзгору манзалат ва эҳтироми эшон дар ҷомеа хотири иштирокдоронои чорабиниро болида намуданд.   

Илова кунед