ҲАМОИШИ ШАҲРИИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯ ВА КВОТАҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ИХТИРОЪКОРОНУ ЭҶОДКОРОНИ ҶАВОН ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!”
05 Апрели 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе. 05.04.2024. Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ ва ихтироъкорону эҷодкорони ҷавон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем!” ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир гардид.
Ҳамоиш аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ифтитоҳ гардида, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.
Дар қисмати расмии он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар пойтахт қисми зиёди ҷавонон ба кору фаъолият ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар робита ба ин, нерӯи асосии ҷавонони соҳибкасб ва соҳибмаълумот маҳз дар пойтахт ба ҳам омадааст.
Бо пайравӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, имрӯз насли наврасу ҷавон, ба имконотҳои бузурги моддиву маънавӣ дар пойтахти кишвар шарафёб гардидаанд.
Ҷавонон ба ҳайси нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа, дар меҳвари асосии Ҳукумати кишвар қарор дошта, метавонад барои пиёда намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати кишвар, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.
Муҳимтар аз ҳама, имрӯз ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла ҷавонони пойтахт, ҳамчун ворисони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи нақшаву барномаҳои созанда ва пешрафту шукуфоии ояндаи кишвар саъю талоши бесобиқа доранд.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва баланд бардоштани мароми донишандузии онҳо стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, давоми дар 6 соли охир дар умум 1160 нафар ба маблағи беш аз 3 миллион сомони қадаршиносӣ гардида, имкон фароҳам шуд, ки наврасону ҷавонон дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳуриявиюу байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Инчунин стипедияи Раиси шаҳри Душанбе бори аввал дар соли 2023 дар алоҳидагӣ барои донишҷӯён ва олимони ҷавон. Инчунин ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шуда, ҷамъбасти он ҳамасола дар арафаи “Рӯзи пойтахт” доир мегардад.
Дар идома ба гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли хониши 2023-2024 шаҳодатнома ва маблағҳои пули супорида шуд.
Ҳамчунин гирандагони стипендияи Президентӣ бо намояндагӣ аз чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе баромад намуда, изҳори сипосу миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириву тавваҷҷуҳи ҳамешагӣ иброз намуданд.
Дар фарҷоми барономаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳангу санъат пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.