“РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ”: КОНФЕРЕНСИЯИ МАШВАРАТӢ-НАЗАРИЯВӢ

08 Октябри 2019, Сешанбе

ш.Душанбе. 08.10.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза" дар доираи "300 рӯзи ислоҳот оиди дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соли 2019" Конференсияи машваратӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ" доир гардид.

Дар кори конференсия масъулин ва намояндагони вазорату идора, сохтор ва ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорону тоҷирон, коршиносону мутахассисон ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур дастгирии ҳамаҷониба ва рушди соҳибкорӣ ва дар ин замина беҳтар намудани фазо ва ҷалби сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе  мебошад.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни конференсия ироа намуданд.

Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он, вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шумор меравад, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Дар ҷараёни кори конференсия зикр гардид, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши   548, 2 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз оғози татбиқ то ин ҷониб 358, 5 миллиони он аз худ карда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармоя зиёда аз 230 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он сармоягузории хориҷӣ қариб 94 миллион долларро ташкил дод.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 32 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда,ба иқтисодиёти шаҳр тақрибан 94 миллион доллари ИМА маблағ ворид намуданд.

Тибқи маълумоти  Бонки миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ ба соҳибкорони шаҳри Душанбе аз ҷониби бонкҳои кишвар ва ташкилотҳои қарздиҳӣ 1 526 443,3 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондод 25 дар сади ҳаҷми умумии қарзҳои дар миқёси ҷумҳурӣ ҷудошударо ташкил мекунад.

Дар асоси маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли дар пойтахт шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 42210 адад расидааст.

Дар конференсия  оид ба паҳлуҳои алоҳидаи татбиқи амалии "300 рӯзи ислоҳот оиди дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соли 2019" масъулини дастгоҳи Раиси шаҳр, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати андози шаҳри Душанбе, Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе, Агентии "Стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо" - "Тоҷикстандарт" ва ғайраҳо бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Дар ҷараёни кори конференсия миёни маърӯзачиён ва ҳозирин  мубоҳисаи пурмуҳтавое доир гардид, ки зимни он иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Илова кунед