Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №184 АЗ 08.04.2024

08 Апрели 2024, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

                                                    Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1.  Мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо санаҳои 3 – 5 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо ва ҳайати кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кумитаи тадорукот, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар мусобиқаи мазкур таъмин намоянд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                          Рустами Эмомалӣ

Илова кунед