Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО УМАР КРЕМЛЁВ

12 Апрели 2024, Ҷумъа

ш.Душанбе. 12.04.2024. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самти рушди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса риштаи бокс мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳ ва сифати робитаҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкории зичи мутақобилан судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс дар оянда, изҳори умед намуданд.

Илова кунед