МУАРРИФИИ “ХАРИТАИ ЭЛЕКТРОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” АЗ ҶОНИБИ КВД “ШАҲРИ ҲУШМАНД” (SMART CITY).
26 Апрели 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе. 26.04.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”, аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city), муаррифии Лоиҳаи харитаи Электронии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, чун дигар дастоварду навовариҳое,ки дар пойтахт тайи чанд соли охир роҳандозӣ мегарданд, имрӯз низ аз ҷониби КВД "Шаҳри ҳушманд"(Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи дастури навбатии роҳбарияти шаҳр Лоиҳаи харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид.
Дар чорабании мазкур муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, Саидзода Фирдавс, Холмуҳаммадзода Сорбон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Нурулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои шаҳрӣ иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки дар дар озмун чанд ширкат барои омода намудани Лоиҳаи харитаи электоронии шаҳри Душанбе ҳуҷҷат пешниҳод намуданд ва лоиҳаи гуруҳи ширкатҳои ЭРА бо пешниҳоди бартарияти инноватсионӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қабул гардид. Зимни муаррифии Лоиҳаи мазкур гуфта шуд, ки ин навоварӣ ва лоиҳаи инноватсионӣ талаботи замони нав буда, марҳила ба марҳила ба рақамикунонии ҳама соҳаҳо хоҳем гузашт.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки лоиҳа «Картография»-ро дар бар гирифта, дар он корҳо оид ба муайянсозии ҳудуди шаҳр, таҳияи харитаи дученакаи шаҳр, омода намудани қабати нармафзор барои харита, тавлиди маҷмӯи ибтидоии инфрасохтор ва амсоли онҳо амалӣ карда мешавад.
Хусусият ва «Тарҳрезии система», ки дар он тадқиқоти тамоми муассисаҳои давлатӣ, ташаккули шартҳои техникӣ барои сохтани система, талабот ба қисми нармафзори комплекс, ташаккули маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои маҷмӯи барномавӣ-техникии «Smart city Dushanbe» роҳандозӣ шудаанд, барои осон ва беҳбуд бахшидани кор хеле мусоид мебошад.
Лоиҳаи мазкур ҳамчун таҷдиди рақамии тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хизмат расонида, барои сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳнамои хубе хоҳад буд.
Дар охир ҳозирин барои бозҳам мукаммал сохтани лоиҳаи мазкур фикру ақида ва пешниҳодҳои ҷолиби хешро баён дошта, ҳамчунин ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.