ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №318 АЗ 17.05.2024
Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз дидбонгоҳи Чорбоғ тариқи кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ – Саъдии Шерозӣ то назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» - и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 19 майи соли 2024 аз соати 0600 то 1000 қатъ карда шавад.
2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои дахлдор андешад.
3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ