Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №319 АЗ 17.05.2024

17 Майи 2024, Ҷумъа

Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории Ниммарафони байналмилалии «One Run» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                                               Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз назди бинои Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то буриши пули мошингузарӣ хиёбони Исмоили Сомонӣ санаи 19 майи соли 2024 аз соати 1600 то 1800  манъ карда шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Ниммарафони байналмилалии «One Run» ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои дахлдор андешад.

3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.   

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                                           Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед