Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ, БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН.

19 Майи 2024, Якшанбе

ш.Душанбе. 19.05.2024. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар Дави миллии имсола нафарони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаасисаҳо, доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста нисбат ба рушди соҳаи варзиш зоҳир менамоянд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, изҳори миннатдорӣ карданд.
Ҳамсунин қайд карда шуд, ки солҳои охир ҳамчунин ташаббус ва саҳми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон бениҳоят зиёд буда, ҳамчунин маҳз бо ташаббус ва пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмрмалӣ ҳамакнун Рӯзи ҷаҳонии Футбол дар тамоми кишварҳои олам бо шукуҳ таҷлил мегардад.
Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни он меафзояд.
Бояд намуд, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Дави миллӣ ва марафони велосипндронӣ имсол низ аз собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ шурӯъ шуда, дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Илова кунед