БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ, ИННОВАТСИЯ ВА ИХТИРОЪКОРӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУШМАНД”
20 Майи 2024, Душанбе
ш.Душанбе. 20.05.2024. Бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе тахти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону чавонони шаҳри Душанбе” зери унвони “Душанбе шаҳри ҳушманд" ба кори худ оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳи Ҳафта муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва доираи васеи омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионӣ ва техникиву технологии муассисаҳои инноватсиониву технологӣ, илмиву таълимӣ ва ширкатҳои бахши ІТ баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ 48 идораву ташкилот зиёда аз 200 номгӯйи лоиҳаву маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Мехмонон ва иштирокдорон дар намоишгоҳ бо дастовардҳои мазкур шинос шуданд. Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулот омили муҳими бедор намудани ангезаи шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки “Ҳафтаи илм, техноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” то 24 май идома дошта, дар доираи он озмуну чорабиниҳои гуногун оид ба инноватсия ва ихтироъкорӣ дар байни хонандагону омӯзгорони муассисахои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт гузаронда мешавад.
Маросими бошукӯҳро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳафта бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Тавре масъулин мегуянд ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи хонандагону омӯзгорон ва ҳаводорони сершумори технологияҳои иттилоотиро ба худ ҷалб менамояд ва ба раванди ихтироъкориву навоварӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ таъсири амиқ мерасонад.