“АҲАМИЯТИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ТАЪМИНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ФАРД, ОИЛА ВА ҶОМЕА”: КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

10 Октябри 2019, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 10.10.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа” баргузор гардид.

Дар конфренсия масъулин ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону маҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба унвони иштирокчиёни ҳамоиш расонданд.

Мақсад аз баргузории Конференсияи имрӯза, бо табодули андеша ва афкори коршиносони соҳавӣ фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳимояи хубтари манфиати шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти маъракаороӣ, танзими ҷашну маросим  дар таъмини фард, оила ва ҷомеа маънидод гардид.              

Иҷрои ҳар як қонуни мавҷуда, бахусус риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи садоқату поквиҷдонӣ ва эҳтироми ӯ ба миллату давлаташ мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ 14 575 маъракаи хатнасур, 67 722 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 16 435 маъракаи чил ва 15 714 маъракаи сол  ба қайд гирифта шудааст.

Барои баргузории ин маъракаҳо 35 630 чорво, аз ҷумла 28 168 чорвои калон ва 7462 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 112 693 ададро ташкил медиҳад.

Хароҷоти умумӣ ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда, 357 миллиону 290 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.

Дар давоми 12 соли сипаригардида,  411 адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ ва 6569 адад хатнасури хайриявӣ баргузор карда шудааст.

Ҳангоми назорат аз рафти баргузории маъракаву маросими шаҳрвандон  аз ҷониби масъулини соҳа 755 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст.

Дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 5472 маъракаҳои гуногун бо забҳи 1867 чорво баргузор гардидааст, ки хароҷоти умумии онҳо 21 миллиону 360 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Шумораи қонунвайронкуниҳо 41 ададро ташкил медиҳад.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим боис гардид, ки хароҷоти зиёд дар давраи амалкарди Қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шавад.

Дар конференсия оид ба паҳлуҳои алоҳидаи аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои "Нақши занон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Омилҳои таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа", "Танзими анъана ва ҷашну маросим - роҳнамои раванди ҳаёт, фард, оила ва ҷомеа", "Нақши танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳалли мушкилоти оилаи имрӯза" ва ғайра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Дар ҷараёни кори конференсия миёни маърӯзачиён ва ҳозирин  суҳбати пурмуҳтавое доир гардид, ки дар ҷараёни он иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Илова кунед