ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №623 АЗ 11.10.2019

11 Октябри 2019, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани тендер 

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 3 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 марти соли 2019, №167 ва татбиқи лоиҳаи корӣ ва харҷномаи қисмати чоҳбун ва мехсутунҳои иншооти боғи  «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ», ки асоснокии нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодии он бо хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣаз 18 сентябри соли 2019, №300/19/300-Атасдиқ гардидааст, бо дарназардошти протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 4 октябри соли 2019, №22 бо дастрасии моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон,моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» 
ҚАРОР   МЕКУНАМ:
1. Протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 4 октябри соли 2019, №22 дар бораи комиссияи тендерии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбедар ҳайати замимагардида тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» марҳилаи аввал, қисмати чоҳбун ва мехсутунҳо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд. 
3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.
 
Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед