САФАРИ ҲАЙАТИ ШАҲРИ СЯМЭНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ

26 Октябри 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 26.10.2019. Бо даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳайати бародаршаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямэн  ҷаноби Чжан Сзян  аз 23 то 26 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо сафари корӣ қарор дошт.

Меҳмонон шоми 23 октябри соли 2019 озими шаҳри Душанбе шуданд.

24 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе–Плаза» маросими истиқболи меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат гирифт. 

Ҳайати шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз ҷониби   мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хайрамақдам гуфтанд.

Маҳаки асосии вохӯриро баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни бародаршаҳрҳо ташкил дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн дар доираи санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, хоса муносибатҳои бародаршаҳрӣ мавриди гуфтугӯи амиқ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ хостори тавсеаи робитаҳои судманд дар ҷодаи сайёҳӣ ва варзиш гардиданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар асоси «Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ –иқтисодӣ» аз 20 июни соли 2013 таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ташриф оварда, бо шароит ва имкониятҳои ин маркази илму фарҳанги кишвар шинос шуданд.

 Меҳмонон ба тарҳи меъмории китобхона, имкониятҳои нигоҳдории китоб, аз ҷумла нусхаҳои нодир ва амсоли он марок зоихир намуданд.

Тавре зикр гардид, Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои нигоҳдории 10 милион нусха адабиёти гуногун пешбинӣ гардида, айни замон дар махзани он 6 миллион адад китоб нигоҳдорӣ  мешавад ва он ҳамарӯза дар гардиш мебошад.

Дар ҷараёни боздид нусхаҳои китобҳои нодир ва ороиши онҳо бештар диққати ҳайати шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чинро  ҷалб намуд.

Дар доиари барномаи сафар ҳамзамон ҳайати шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямэн Чжан Сзян баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги мардуми тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шинос гардида, тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таърихи бой ва фарҳанги пурғановати тоҷикон мароқ зоҳир намуданд.

Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Сзян ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Сямэн (20 июни соли 2013), Урумчи (10 сентябри соли 1999), Чиндао (18 сентябри соли 2018)  ва музофоти Хайнан ( 12 декабри соли 2018)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

Дар ҳошияи сафар ҳайати шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямэн Чжан Сзян бо ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  сарварии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла ҳамкориҳо дар самти парламетаризм, тавсеаи асосҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт.

Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемаӣлон густариш хоҳад ёфт.

Дар идомаи сафар ҳайати шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин аз корхонаҳои саноативу истеҳсолии шаҳри Душанбе дидан намуданд. Нахуст иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии яке аз корхонаҳои навтаъсиси пойтахт –Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Сиёма" ба меҳмонон муаррифӣ гардид.

Корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ширкати "АвестоГурӯҳ" бунёд ёфта, имконият дорад, ки  солона 33 миллион литр обро истеҳолу ба харидорон пешниҳод намояд.

Ба намояндагони ин бародаршаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла технологияи ширкати маъруфи "Сидел"-и Ҷумҳурии Фаронса дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст..

Муҷаҳҳазсозии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма" –ро мутахассисони Ҷумҳуриҳои Фаронса, Италия, Лаҳистон, Чехия, Россия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом дода, хатҳои технологии он пурра ба таври автоматӣ фаъолият менамояд.

Ҳамзамон меҳмонон дар идомаи барномаи сафар ба ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик” ташриф оварда, бо иқтидор ва имкониятҳои истеҳсоливу техникӣ ва содиротӣ, шароити кунунӣ ва дурнамои корхона шинос шуданд.

Тавре зикр гард, айни замон дар ин корхонаи азими саноативу истеҳсолии шаҳри Душанбе зиёда аз 150 намуди маҳсулоти пахтагиву риштагӣ истеҳсол карда мешавад. Аз ҷумла бо ворид намудани хатҳои муосири технологӣ истеҳсоли сару либос, ба шумули либоси мактабӣ   ба роҳ монда шудааст.

 
Ҳамзамон дар ҷараёни барномаи сафар ҳайати шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти марказҳои истироҳативу фароғатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» шинос шуданд.

Дар даромадгоҳои боғи мазкур меҳмононро намояндагони масъулин ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлактии шаҳру ноҳия ва сокинони пойтахт бо як самимияти хос ва меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол намуданд.

Меҳмонон дар ҷарёни боздид аз шаҳри Душанбе бо дигар марказҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт, аз ҷумла Боғхои фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониш ва Куруши Кабирӣ, инчунин  мавзеъҳои ҷолибу дилфиреби шаҳр шинос шуданд.

Дар доираи барномаи сафар ҳайати меҳмонон ҳамчунин аз Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Ҳисор"-и шаҳри Ҳисор боздид намуда, бо ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки аз тамаддуни қадимаи халқи тоҷик, таърихи бою пурғановати Тоҷикистон ва имкониятҳои фаровони сайёҳии кишвар шаҳодат медиҳанд, шинос шуданд.

Бо ҳамин сафари ҳайати бародаршаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямэн  ҷаноби Чжан Сзян  дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ҳайати меҳмонон субҳи 26 октябри соли 2019 ба Ватан баргаштанд.

Хотиррасон  менамоем, ки 20 июни соли 2013  дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расида буд.

Илова кунед