Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №840 АЗ 20.12.2024

20 Декабри 2024, Ҷумъа

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                                         ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.  Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 31 декабри соли 2024, соати 900 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025»;

2.2. Оид ба лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2025 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2023;

2.3. Дар бораи иҷрои «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт;

2.4.  Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.  Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад (замимаи 1).

4.  Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 23 декабри соли 2024 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).

5.   Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гурӯҳи корӣ манзур созад.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.

                                                                                                     Рустами   Эмомалӣ

Илова кунед