ЭЪЛОН: МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Душанбе, воқеъ дар хиёбони С.Шерозӣ" корҳои сохтмониро амалиӣ намуда зарурияти қать намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 600мм ҷиҳати васлкунии қубури навхобонидашуда ба қубури мавҷуда ба миён омадааст.
Бинобар ин, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ; кӯчаҳои А.Қаҳҳоров, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то хонаи Nº36, хиёбони С.Шерозӣ то хонаи Nº24 ва ноҳияи Сино; шаҳраки 10-ум ва Қарамиршикор аз соати 10:00 то соати 18:00-и 9 январи соли 2025 интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.