ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №665 АЗ 29.10.2019

30 Октябри 2019, Чоршанбе

Дар бораи таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ  таҷлил намудани 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт, инчунин иҷрои банди 86 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2019 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед