Тоҷикӣ

"КОНСТИТУТСИЯ – САРЧАШМАИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН": ҲАМОИШИ ИЛМӢ

05 Ноябри 2019, Сешанбе

ш.Душанбе. 05.11.2019.  Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” ба ифтихори 25 - умин солгарди Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт таҳти унвони "Конститутсия -  сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон" ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки “Қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад”.
Таъкид гардид,   6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи азизамон ва диди тозаи онҳо ба тамаддуни муосир Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Зимни суханронӣ иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ иброз намуданд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.   
Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба души давлат вогузор намудааст ва ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.
Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар ҳамоиш Холиқзода Абдураҳим Ғаффор - Раиси  Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам - узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, собиқ Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон –сарчашмаи асосии ҳуқуқии пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон  “   бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Аз ҷониби маърӯзачиён зикр гардид, ки Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

 

Илова кунед