ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ-ТАРБИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

08 Ноябри 2019, Ҷумъа

ш.Душанбе. 08.10.2019. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ташаккули малакаҳои тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии модиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа шуруъ аз 8 ноябри соли 2019 то 4 июни соли 2020 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ бо иштироки олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон дар муассисаиҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки нақшаи чорабиниҳои ҳамоишҳои мазкур дар асоси нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №9 таҳия ва мавриди иҷроиш қарор гирифтааст.

Вохӯрии нахустини ҳайати корӣ имрӯз - 8 ноябри соли 2019 бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Илова кунед