Тоҷикӣ

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

15 Июли 2025, Сешанбе

ш.Душанбе. 15.07.2025. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Сипас рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, сохтмони иншооту ифрасохтори зарурӣ ва иҷро кардани чорабиниҳои боқимонда дастуру супоришҳододанд.

Вакилон дар идома, ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 - 2025» - ро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсусгардонидашуда корбарӣ намуда, барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Дар идома вакилон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин бора гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр супориш доданд, ки ҳамеша баҳри таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва барои ба дастовардҳои хуб ноил гардидан тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.

Инчунин, баҳри иҷроиши босифат ва саривақтии нақша чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат, тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодии пойтахт - истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷет, кам намудани бақияпулиҳои андозӣ, иҷроиши нақшаи андозҳо ва таъмини шаффофияти хароҷоти он тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини самти саноат ва энергетика - ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли молҳои рақобатпазир, саривақт ҷамъовари намудани маблағҳои пулии истифодаи барқу гармӣ, таъмиру таҷдид намудани қубурҳои оби гарм ва омода намудани системаи энергетикии Пойтахт ба мавсими зимистони солҳои 2025-2026 дастурҳои судманд доданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзии ҳудуди шаҳри Душанбе ва аз як замин гирифтани зиёда аз ду ҳосил ва истифодаи тухмиҳои аълосифат бо риояи қоидаҳои агротехникӣ тадбирандешӣ намоянд. 

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз содир намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии ғасби замин ва сохтмони  худсарона, пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва таъмини бехатариву тартиботи ҷамъиятӣ корҳоро ҷоннок намоянд.

    Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро ба хизмати содиқона баҳри рушду нумуи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даъват карда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро таманно намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, кори худро анҷом дод.

Илова кунед