Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №484 АЗ 29.07.2025

29 Июли 2025, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                               Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

  1. Марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 3 августи соли 2025, шуруъ аз назди бинои Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то дидбонгоҳи «Чорбоғ» баргузор карда шавад.
  2. 2. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз назди бинои Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то дидбонгоҳи «Чорбоғ» санаи 3 августи соли 2025 аз соати 830 то 1100 манъ карда шавад.
  3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории марафони велосипедронӣ ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои дахлдор андешад.
  4. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд. 6. Назорати иљрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе – сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                             Рустами  Эмомалӣ

 

 

                                                                             

Илова кунед