ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

08 Ноябри 2019, Ҷумъа

ш.Душанбе. 08.11.2019. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кохи "Суруш"-и пойтахт ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавии идона ва намоиши фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, кормандону собиқадорони сохторҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, идораву муассисаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ба самъи ҳозирин расонданд.

Тавре гуфта шуд, мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро доро мебошад.

Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

Иштирокчиёни ҷамъомад таъкид намуданд, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд.

Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид.

Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба  Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

Дар ҷамъомад изҳори боварӣ гардид, ки ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Барномаи фарҳангии иборат аз дастагули мусиқии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон бо фарогирии савту наво, суруду тарона ва рақсҳои ҷаззоб хотири иштирокдорони чорабиниро болида гардонд.

 

 

Илова кунед