Тоҷикӣ

ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ ДАР ПОЯИ МАҶМААИ "МУҲОФИЗОНИ ВАТАН" ДАР ШАҲРИ ОСТОНА

26 Августи 2025, Сешанбе

26 август дар ҳошияи сафари расмӣ дар шаҳри Остона, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва ваҳдату ягонагии мардуми Қазоқистон дар назди маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузоштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Ҳокими шаҳри Остона ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Илова кунед