МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ЖЕНИС КАСИМБЕК
27 Августи 2025, Чоршанбе

27 август дар идомаи сафари расмии худ дар Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳои ду кишвар – Душанбе ва Остонаро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таваҷҷуҳи махсус ба раванди мусбати ҳамкориҳои дуҷониба дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, байни минтақаҳо, аз ҷумла густариши ҳамгироии бисёрҷониба дар сатҳи пойтахтҳо, равона гардид.
Аз пешрафту комёбиҳои шаҳри Остона ба сифати маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии Қазоқистон дар самти рушди устувор ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ истиқбол карда шуд.
Дар ин зимн, ба масъалаҳои густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, технологияҳои муосир, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ дода шуд.
Ҷонибдории ин ҷониб аз кӯшишҳои соҳибкорону сармоягузорони шаҳри Остона ҷиҳати истифодаи зарфиятҳои фазои мусоиди сармоягузории шаҳри Душанбе иброз гардид.
Ба таҷрибаи Остона дар бахшҳои бунёди марказҳои муосир, иншооти инфрасохторӣ, логистика, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Дар шароити имрӯза табодули таҷриба дар масъалаҳои рушди устувор, рақамикунонии муҳити шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, экология, ободонӣ ва сарфаҷӯии энергия муҳим шуморида шуд.







