Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №566 АЗ 12.09.2025

12 Сентябри 2025, Ҷумъа

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимиятидавлатӣ»,

                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,даъвати ҳафтум 26 сентябри соли 2025, соати 900 дар толориМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дархиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳриДушанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳриДушанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсимитирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026 дар шаҳри Душанбе;

2.2. Дар бораи амалишавии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушдитарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароисолҳои 2021-2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт;

2.3. Дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва рафти иҷроиНақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриДушанбе дар ин самт;2.4. Дар боаи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

2.4. Дар боаи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳикорӣ тибқи замима таъсис дода шавад (замимаи 1).

4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гуруҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то санаи 24 сентябри соли 2025 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути
воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гуруҳи корӣ манзур созад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.

Илова кунед