Тоҷикӣ

ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

26 Сентябри 2025, Ҷумъа

 ш.Душанбе. 26.09.2025. Имрӯз дар пойтахти мамлакатиҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилонихалқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доиргардид.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонавумуассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардоронимақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомотимарказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоитиахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Сипас масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», дастуру супоришҳоимушаххас доданд. 
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар баробари омода сохтани инфрасохтори пойтахт ба мавсими зимистон – инчунин корњоро дар самти бунёди корхонаҳои нависаноатӣ ва иншоотњои коммуналиву хизматрасонї таќвият бахшида,  бањри бо нишондињандањои муносиб љамъбаст намудани рушди иљтимоиву иќтисодии шањр тамоми имкониятњоро сафарбар намоянд.
Вакилон дар идома ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтромуҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовиниРаиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисониноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо корҳои фањмондадињиро миёни њама ќишри љомеа таќвият бахшанд.
Дар идома вакилон «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтромуҳокима намуда, дар ин бора гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Раиси маҷлиси вакилони халқишаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисониноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълимутарбияи томактабӣ, бедор намудани завқи кӯдакон ба хонишва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дарњама муассисаҳои томактабӣ новобаста аз шакли ташкилию њуќуќиашон тадбирҳои заруриро роњандозї намоянд.
Ҳамчунин, ҷиҳати сохта ба истифода доданимуассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои сераҳолӣ ва таъмин намудани муассисаҳо бо адабиёти бадеиикӯдакона ва маводи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замонимуосир ба масъулин дастурҳо дода шуд.
   Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раисишаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳоимуҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбемуҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро ба хизмати содиқона баҳри рушду нумуи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даъват намуда, ба онҳо барору муваффақият ва зиндагии босаодатро орзу намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, кори худро анҷом дод.

Илова кунед