Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Октябри 2025, Душанбе

Ба диққати шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки аз 8-ум то 12-уми октябри соли равон, дар пойтахти мамлакат чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мегарданд ва омадани меҳмонони зиёд дар назар дошта шудааст.
Аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинону меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки рӯзҳои зикршуда ба ҳарчи камтар кардани ҳаракат дар роҳҳои протоколӣ, яъне хатсайри рафтуомади меҳмонон эътибор диҳанд.

Илова кунед