МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРИИ НУМАН КУРТУЛМУШ ДАР ПОЯИ МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
02 Декабри 2025, Сешанбе

2 декабр Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар доираи сафари расмии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.







