ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №709 АЗ 15.11.2019

15 Ноябри 2019, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

                                                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

                  

  1. Мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ рӯзи 16 ноябри соли 2019, соати 1000 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
  2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  4. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.
  5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                                Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед