МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ҲАЙАТИ ШТАТИ ЮТАИ ИМА
30 Апрели 2026, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 30.04.2026. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр бо ҳайати Штати Ютаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарии раиси Сенати ин Штат ҷаноби Стюарт Адамс мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки ба ҳайати Штати Юта сенаторон ва роҳбарони як қатор сохторҳои иқтисодиву тиҷоратӣ шомиланд.







