Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №723 АЗ 08.10.2026

09 Октябри 2026, Ҷумъа

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум 20 октябри соли 2026, соати 900 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар шаҳри Душанбе;

2.2. Дар бораи татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт;

2.3. Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030» дар шаҳри Душанбе;

2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ таъсис дода шавад (замимаи 1).

4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир намуда, аз натиҷа ба гуруҳи корӣ вобаста ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то санаи 19 октябри соли 2026 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраршуда муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гуруҳи корӣ манзур созад.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.

                                                                                   Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед