МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ш.Душанбе. 22.11.2019. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершейм мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва табодули барномаҳои илмӣ-маърифтӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боулдери штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диққати ҷиддӣ доданд.
Тавре тазаккур дода шуд, солҳои охир муносибатҳои тарафайн дар ҳошияи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боулдер вусъати тоза касб намудааст.
Дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.
Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.