ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №747 АЗ 28.11.2019

29 Ноябри 2019, Ҷумъа

Дар  бораи  тасдиқи ҷадвали навбатдории шабонаи  роҳбарияти  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Душанбе ва ноҳияҳои он

Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти шаҳрвандон мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 Қ А Р О Р  М Е К У Н А М: 

  1. Ҷадвали навбатдории шабонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тибқи замима тасдиқ шавад.
  2. Муқаррар карда шавад, ки ҳангоми навбатдории шабона шахсони мансабдори идора ва сохторҳои ҳудуди шаҳр  новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ барои мусоидат намудан дар ҳаллу фасли мушкилоту  ниёзмандиҳои сокинони  шаҳр,  масъулияти шахсӣ доранд.
  3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати роҳандозӣ намудани чораҳои зарурӣ дар ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои худ, қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита бо беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмини энергияи барқу гармидиҳӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода мусоидат намоянд. 
  4. Раёсати иттилооти ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» тавассути воситаҳои ахбори омма, сомона ва расонаҳои хабарии электронӣ муҳтавои қарори мазкурро  ба сокинони шаҳри Душанбе  расонанд.
  5. Назорати иҷрои қарор ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

 

 Рустами Эмомалӣ        

Илова кунед