“ҲУНАРМАНДӢ: ЗАМИНАҲОИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ОН ДАР ОИЛА": КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

29 Ноябри 2019, Ҷумъа

ш.Душанбе. 29.11.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҳунармандӣ: заминаҳои омӯзиш ва рушди он дар оила” баргузор гардид.  

Дар кори Конференсия намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ, намояндагони Васоити ахбори омма ва ҷавондухтарон ширкат варзиданд.

Кори Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳунармандӣ ва рушди он дар ҷамъият мақоми хоса дошта, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равнақу ривоҷ додани ҳунаромӯзию ҳунармандӣ барои ҳама қишри ҷомеа, бахусус занону бонувон муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар назди ҳозирон намояндаи роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз аҳаммият ва нақши ҳунар ва омилҳои рушди ҳунармандӣ дар оила маълумот доданд.

Дар ҷараёни кори Коференсия олимону донишмандон, коршиносону мутахассисон, ҳунармандони касбӣ дар мавзӯҳои гуногуни ҳунар ва ҳунармандӣ ва рушди он дар шароити оила, аз ҷумла дар мавзӯъҳои «Ҳунармандӣ-омили тавонмандии занон дар ҳаёти иҷтимоӣ», «Заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳунармандӣ- заминаҳои омӯзиш ва рушди он дар оила»,  «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар  шароити оила», «Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ» бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои  илмӣ баромад  карданд.

Дар рафти Конференсия занони ҳунарманд баромад намуда, аз таҷрибаи кории хеш маълумот дода, ба роҳбарияти давлату ҳукумат ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин, зимни баргузории Конференсия ҳунару истеъдоди дасти занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ҷамъбасти Конференсия байни маърӯзачиён ва иштирокдорони конференсия атрофи масъалаҳои марбут ба ҳунару ҳунармандӣ ва рушди он дар муҳити оила мубодилаи афкори судманд доир гардид.

Илова кунед