ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №753 АЗ 5.12.2019

05 Декабри 2019, Панҷшанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 30 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Ҳайати аъзои Гурӯҳи кории озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Муинӣ М.М. ва Гуреззода У.), раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои дахлдор андешанд.
  3. Даврҳои озмун тибқи Низомномаи озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» ташкилу баргузор карда шавад.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ М.М. ва Гуреззода У. гузошта шавад.

 Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед