ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №755 АЗ 06.12.2019

07 Декабри 2019, Шанбе

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии бистуякуми

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 Иҷлосияи ғайринавбатии бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 9 декабри соли 2019, соати 900 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 даъват карда шавад.

  1. Ба рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:         

    2.1. Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

    2.2. Дар бораи таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

  1. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
  2. Қарор дар бораи даъвати иҷлосия ба маълумоти вакилон фавран расонида шавад.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

 

                                                                                                      Рустами  Эмомалӣ

 

Илова кунед