ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №50 АЗ 03.02.2020
Дар бораи баргузор намудани тендер
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 3 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 марти соли 2019, №167 ва татбиқи лоиҳаи корӣ ва харҷномаи марҳилаи дуюми иншооти сохтмони «Боғи Истиқлол» бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ», бо дарназардошти протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 1 феврали соли 2020, №01 бо дастрасии моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14, 25 ва 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 1 феврали соли 2020, №01 дар бораи комиссияи тендерии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида тасдиқ карда шавад.
- Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти сохтмони «Боғи Истиқлол» бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ» (марҳилаи дуюм) Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон ва баргузорӣ тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон, бо маҳдуд намудани муҳлати он то 15 (понздаҳ) рӯз таъмин намуда, аз натиҷаи он ба мақоми ваколатдор тибқи тартиб ҳисобот пешниҳод намояд.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ