Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №61 АЗ 4.02.2020

04 Феврали 2020, Сешанбе

Дар бораи ташкили гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт

 

Бо мақсади ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, риоияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР  МЕКУНАМ: 

  1. Ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
  2. Нақшаи вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ҷалби олимону коршиносон ва ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани вохӯриҳо тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намоянд.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ

Илова кунед