РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

05 Феврали 2020, Чоршанбе

ш.Душанбе. 05.02.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳти сарварии Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ ташкил дод.

Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки дар доираи он беш аз 50 фоизи сокинон бо оби ошомидании босифат таъмин шуданд, мусбат арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот тазаккур дода шуд, ки бо дарназардошти ҳалли мушкилоти таъмини муназзами оби ошомиданӣ барои сокинони пойтахт ва раъфи партовобҳо аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии Душанбе таҳия гардидааст.

Муҳлати амалисозии Лоиҳа солҳои 2020 – 2024 муқаррар гардида, мавзеи фарогирии он қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе (ноҳияи Сино) мебошад.

Иштирокчиёни нишаст ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовобҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.

Дар  ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони "Иншооти обтозакунии Варзоб" муҳокима гардид.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ идома дода, Лоиҳаҳои нави муштаракро дар соҳаи корезию обтозакунии Душанбе роҳандозӣ мекунанд.  

 

 

Илова кунед