РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРХОНАҲОИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИИ МИНТАҚАИ САНОАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 07.02.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии як қатор корхонаҳои истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе дар масоҳати қариб 9 гектар, дар бурриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир мебошад.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар инҷо 20-уми сентябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.
Корхонаҳои нави саноатӣ ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда истодаанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз ҶДММ "Ҳурия", ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос пешбинӣ гардидааст, дидан карданд.
Корхонаи мазкур дар доираи дастгириҳои давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров бо харҷи 10 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,34 гектар бунёд мегардад.
Тавре ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар корхонаи саноатӣ корҳои асосӣ, аз қабили бунёди бинои истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизот пурра ба итмом расида, феълан насби он бо ҷалби мутахассисон идома дорад.
Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Дар ҶДММ "Ҳурия" бино ба иттилои масъулин, ду хатти истеҳсолӣ мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ аз 5 то 10 тонна маҳсулоти нимтайёр ва яхмос аз мевагиҳо ва қаймоқ пешбинӣ шудааст.
Дар корхона зиёда аз 25 номгӯйи яхмос истеҳсол мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 50 нафар сокинони шаҳри Душанбе, асосан занону бонувон бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мегарданд.
Феълан барои дастрас намудани маҳсулоти омодаи корхона ба шаҳру навоҳии мамлакат чор адад автомошинаи махсусгардонидашуда харидорӣ гардида, корхона нақша дорад, ки боз чанд адад воситаи нақлиёти дигар харидорӣ кунад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба ҳолати санитарӣ, сифатнокии истеҳсолот дар корхона, истифодаи маҳсулоти табиӣ дар таркиби он ва дигар тадбирҳои вобаста ба ободонию кабудизорнамоии ҳудуди коргоҳ, аз ҷумла рангу бори намои зоҳирии он махсус таваҷҷуҳ карда, ба соҳибкор барои то ҷашни Наврӯз ба истифода додани корхона бо иқтидори пуррааш, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар Минтақаи саноатии пойтахт Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон бо рафти корҳо дар корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои ордию қаннодӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ёқуб Шарафов бунёд гардидааст, шинос шуданд.
Корхонаи истеҳсолӣ дар масоҳати 0,32 гектар, бо харҷи 6 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Ба Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки воридот ва насби таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик коркарди маҳсулот оғоз мегардад, ки бо ин боз 50 нафар сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.
Дар корхона маҳсулоти омода дар 5-6 намуд борҷомабандӣ мешавад. Корхона иқтидори истеҳсоли то 5 тонна маҳсулот дар як моҳро доро буда, маҳсулоти он барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ равона мегардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар рафти истеҳсолот, маҳсулоти табиӣ ва барои организми инсон безарар истифода шуда, дар таркиби он умуман равғани палма истифода намегардад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулини корхонаро муваззаф намуданд, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, сиффатнокии баланди маҳсулоти истеҳсолиро таъмин намоянд.
Дар ҳамин ҷо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони корхонаи саноатии коркарди сангҳои ранга ва худҷилоъи-ҶДММ "Асрори санг" шинос шуданд.
Ин корхонаи саноатӣ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Далер Шарифӣ бо харҷи 5 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,32 гектар замин бунёд мегардад.
Корхона аз ду марҳила иборат буда, корҳо дар марҳилаи аввали он, яъне бунёди бинои истеҳсолӣ бо вусъат идома дорад.
Коргоҳи истеҳсолӣ аз тахҳона ва се ошёна иборат буда, бунёди зерхона ва ду ошёнаи аввали он ба анҷом расидааст.
Дар ҷараёни сохтмони корхона 18 нафар сохтмончиён ҷалб шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш бошад, дар марҳилаи аввал аз 80 то 100 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Тавре ба Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ҶДММ "Асрори санг" таҷрибаи 12 солаи корӣ дар самти коркарди сангро доро буда, бо ширкатҳои Федератсияи Россия, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаҳои дарозмуддатро барои содироти маҳсулоти омода ба имзо расонидааст.
Таҷҳизоти коркарди санг дар корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон ворид мегардад.
Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини корхонаро ба тавсеаи ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба рақобат тобовар ҷалб намуданд.
Масуълини корхона иттилоъ додонад, ки оянда дар ин ҷо коргоҳи духти либосҳои варзиширо бо воридоти технология аз Ветнам ба роҳ монда, бо ин барои боз 30 нафар ҷойи корӣ фароҳам меоранд.
Корхонаи дигари истеҳсолӣ, ки Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони он шинос шуданд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва ба шумор меравад, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Олимҷон Маҳкамов дар масоҳати 0,30 гектар бунёд шуда истодааст.
Тибқи лоиҳа, бинои корхона аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, корҳо аллакай дар қисмати бунёди таҳхона ва бинои аввали он ба итмом расидааст.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо ҷараёни бунёди корхона ба сифати иҷрои корҳо ва маҳсулоти сохтмонӣ мароқ намуда, таъкид карданд, ки бо вусъат бахшидан ба рафти сохтмон, корхона то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Тибқи иттилои масъулин, дар рафти корҳои бунёдӣ, 13 нафар сохтмончиён ба кор таъмин буда, дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхона зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешавад.
Таҷҳизоти технологии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, иқтидори коркарди то 1000 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва консерваро доро мебошад. Корпхона нақша дорад, ки баробари таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ, ҳамзамон бархе аз анвоъи консерваро ба кишварҳои ҳамсоя содир намояд.
Дар минтақаи саноатии пойтахт ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин мавзеи бунёди ҶДММ "Грин Голд"-корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва афшура аз мевагиҳо муаррифӣ карда шуд.
Қитъаи замини барои бунёди корхона ҷудогардида 0,46 гектарро ташкил дода, корхона бо харҷи 10 миллион сомонӣ сохта мешавад. Таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулот аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардида, дар корхона барои то 100 нафар ҷойи корӣ фароҳам мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 5 тонна маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва афшура аз мевагиҳо дар як шабонарӯз ва 150 тонна дар як моҳ мебошад.
Иншооти дигари сохташаванда дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ҶДММ "Строй комплекс" маҳсуб мешавад.
Фаъолияти корхона барои коркарди санги хоро ва мармар пешбинӣ гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни боздид аз корҳои сохтмонӣ таъкид намуд, ки бо инобати вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт, талабот ба ин қабил маҳсулоти сохтмонию ороишӣ хеле зиёд мебошад.
Аз ин рӯ, маҳсулоти ин гуна корхонаҳо метавонад дар бозор зуд мавқеъ пайдо кунад, ки дар навбати худ барои беҳтар гардидани вазъи молиявии худи корхона заминаи боэътмод фароҳам меорад..
Роҳбарияти ҶДММ "Строй комплекс" ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иттилоъ дод, ки корхона аз ду коргоҳи алоҳидаи истеҳсолӣ - коркарди санги хоро ва коркарди санги мармар иборат буда, иқтидори солони он 150 ҳазор метри мураббаъ сангро ташкил медиҳад.
Корхона азм дорад, ки бо инобати мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ дар кишвар ва тавассути равнақ бахшидани фаъолияти корхона, барои наздики 200 нафар сокинони шаҳри Душанбе ҷойи корӣ таъсис диҳад ва корхонаро то ҷашни 29 солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ омода созад..
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои суҳбат бо соҳибкорон ташаббус ва саҳми онҳоро бобати бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, қобили дастгирӣ арзёбӣ кард.
Тавре Раиси шаҳри Душанбе таъкид карданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳои зарурӣ бобати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ андешида мешавад ва дар навбати худ соҳибкоронро лозим аст, ки корро дар асоси вазифаву уҳдадориҳои базиммагирифтаашон ба роҳ монда, иншооти истеҳсолиро дар муҳлатҳои пешбинигардида ба истифода супоранд ва бо ин дар таъсиси ҷойҳои бештари корӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат саҳми муносиб гузоранд.