"ПЕШГӮИИ ШАҲРСОЗИИ УСТУВОР: ДАСТГИРИИ УСТУВОРИ БАНАҚШАГИРИИ ИНФРАСОХТОР ДАР ШАҲРҲО": ЛОИҲАИ НАВИ СОЗМОНИ МИЛАЛЛИ МУТТАҲИД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

18 Феврали 2020, Сешанбе

ш.Душанбе. 18.02.2020. Рӯзҳои 17-18 феврали соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ESCAP-ЭСКАТО) дар пойтахти кишвар семинари дурӯза бахшида ба рушди шаҳрсозӣ доир гарди д.

Дар кори он мутахассисону коршиносон, олимону муҳақкиқони сатҳи байналмилалӣ ва намояндагону кормандони соҳаи шаҳрсозиву меъморӣ ва сохтору ниҳодҳои марбутаи соҳа атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди инфрасохтори мунисипалӣ ва дастгирии навовариҳои сиёсати шаҳрсозӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ESCAP-ЭСКАТО) тасмим  гирифтааст, ки Лоиҳаи нави таҷрибавиро доир ба рушди иқтидор таҳти унвони "Пешгӯии Шаҳрсозии Устувор: Дастгирии устувори банақшагирии инфрасохтор дар шаҳрҳо" бо мақсади кумак ба шаҳри Душанбе дар рушди шаҳрсозӣ   роҳандозӣ кунад.

Ҷараёни татбиқи амалии Лоиҳа моҳҳои августи соли 2019 то декабри соли 2020-ро фаро мегирад.

Тазаккур бояд дод, ки шаҳри Душанбе солҳои охир дар самти рушди шаҳрсозӣ ва меъморӣ ба пешравиҳои назаррас  ноил гардидаааст.

Дар ин робита, интихоби Душанбе  - ҳамчун аввалин шаҳри таҷрибавӣ дар истифодаи унсурҳои инноватсионии шаҳрсозии устувор аз ҷониби Шуъбаи Муҳити зист ва рушди Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ESCAP-ЭСКАТО) ба баланд бардоштани рушди  хизматчиёни давлатии шаҳр, ки дар гурӯҳҳои кории миллӣ ва минтақавӣ  иштирок мекунанд, иқдоми хуб ва саривақтӣ маънидод мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тарҳрезии беҳтари рушди инфрасохтори устувор ва идоракунии шаҳр тавассути таҳия ва истифодаи методологияи пешгӯишаванда, инчунин сармоягузорӣ барои истифодаи захираҳои табиӣ, инфрасохтор, баровардани эҳтиёҷоти молиявии аҳолии пешбинишуда ва рушди иқтисодӣ кӯмак мерасонад.

 

Илова кунед