РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ - РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №15 НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОВОЗ ДОД

01 Марти 2020, Якшанбе

шаҳри Душанбе, 01.03.2020, Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф овард.

Рустами Эмомалӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст,  дар баробари  дигар  сокинони Тоҷикистон  бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.

Таъкид бояд кард, ки дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамагӣ 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Тибқи иттилои КМИР, беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Беш аз 230 нозири байналмилалӣ аз ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ интихоботро назорат хоҳанд кард. Илова бар ин, интихоботро беш аз 250 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.

Илова кунед