Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №169 АЗ 13.03.2020

13 Марти 2020, Ҷумъа

Оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №802 «Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра», мактуби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2020, №405/3-01 (4) ҷиҳати омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»   

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Билол И., Усмонзода Ф.) баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат ба комиссияи шаҳрӣ то 17 марти соли 2020 пешниҳод намоянд.
  3. Раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 20 марти соли 2020 рӯйхати ягонаи ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед