ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №170 АЗ 13.03.2020

13 Марти 2020, Ҷумъа

Дар бораи баргузории марафони велосипедронӣ ва  дави  наврӯзӣ бахшида  ба  таҷлили  Иди байналмилалии  Наврӯз дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади оммавигардонии  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим миёни сокинони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

  1. Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории марафони велосипедронӣ санаи 14 марти соли 2020, аз соати 800 то 900 ва дави наврӯзӣ санаи 14 марти соли 2020, аз соати 900 то 1000 тибқи хатсайри замимагардида иҷозат дода шавад.
  2. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе» ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ҳангоми баргузории чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед